Фолклори диёри шоир
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- «Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода»- чунин ном дорад китобе, ки дастраси хонандагон гардид. Китобро олимони Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзии Аҳмад ва Дилшод Раҳимов гирдоварӣ ва тадвин намудаанд. Китоби мазкур намунаҳои фолклор ва фарҳанги суннатии мардуми закитабъи ноҳияҳои Шаҳринаву Турсунзодаро дар бар гирифта, дар он бори нахуст матнҳои гирдовардаи фолклоршиносони тоҷик дарҷ шудаанд. Махсусан намунаҳои рубоиву суруд, зарбулмасалу мақол, нақлу ривоятҳо ва тасвири ҷашну маросимҳои ин диёр ҷолибу судманд ва пур аз панду ҳикмат буда, барои хонандагон маълумоти тозаи бадеӣ ва таърихӣ медиҳанд. Китоб бо кӯмаки моддии раиси Ширкати «Вавилон-Мобайл» Беҳрӯз Файзуллоев нашр гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






