Гӯштӣ дар Рашт
Рашт, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Рашт мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштии миллӣ байни ҷавонони солҳои таваллуди 1993-1994 баргузор шуд. Дар мусобиқа 9 даста ширкат варзид, ки ба он дастаҳои гӯштии вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳру ноҳияҳои марказ ва минтақаи Рашт шомил буданд. Натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа нишон дод, ки дар ҳайати даставӣ дастаи гӯштии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ сазовори ҷои аввал гардида, дастаи шаҳри Душанбе ҷои дуюм ва дастаи минтақаи Рашт ҷои сеюми мусобиқаро ишғол намуданд. Дар вазнҳои алоҳида ғолибон муайян шуда, соҳиби медали тилло ва унвони номзад ба устоди варзиши ҷумҳурӣ гардиданд. Дар вазни 55 кг Ҳоҷизода Самоуддин аз ноҳияи Рашт, дар 60 кг Ҷӯрабек Ризоев аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, дар 65 кг Асадулло Пиров, дар 70 кг Аваззода Муҳаммадсабур аз Суғд, дар 75 кг Некрӯз Камолов аз Душанбе, дар 80 кг Ҷӯра Ҳаитов аз Хатлон, дар 86 кг Фариддуни Сангалӣ аз Душанбе, дар 95 кг Муҳаммадӣ Давлатов аз Рашт, дар 95 кг Санавбар Шанбиев аз ВМКБ. Ҷойҳои дуюм ва сеюми мусобиқаро дар вазнҳои гуногун Наврӯз Чоршанбиев, Шерафган Муродов, Беҳрӯз Боронов, Насрулло Шарипов, Бахтовар Шодиев, Шарифзода Исфандиёр, Қандилҷони Рустамҷон, Диловари Садриддин, Давлат Мӯсоев, Дилҷӯ Кабиров, Қудратбек Юсуфбеков, Исмоил Арчаев, Сорбон Ёров, Саймиддини Сайфиддинов, Муҳаммад Аҳмадов, Ҳайдар Умаров, Сулаймон Азизов аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт соҳиб гашта, бо медалҳои нуқра ва биринҷии мусобиқа сарфароз гардиданд. Боиси хушнудист, ки дар ноҳияи Рашт солҳои охир ба рушду такомули гӯштии миллӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мешавад. Дар байни 9 даста сазовори ҷои сеюм гаштани дастаи Рашт шаҳодати гуфтаҳои болост. Дастпарварони мактаби варзишии ноҳияи Рашт бори аввал дар таърихи гӯштии миллӣ дар вазнҳои 56 ва 96 кг сазовори ҷои аввал ва медали тиллои мусобиқа гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






