Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон афзуд

Апрель 17, 2012 10:15

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи семоҳаи аввали соли 2012 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 245 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 7,8 фоиз зиёд аст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, баланси тиҷоратӣ манфӣ буда ва беш аз 589 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон тайи давраи гузашта бо 79 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 мамлакати аъзои ИДМ ва 69 мамлакати хориҷи дур муносибатҳои тиҷорати хориҷӣ дошт. Дар хабар ҳамчунин зикр мешавад, ки камбуди баланси тиҷоратӣ бо кишварҳои ИДМ баробари 461 миллиону 500 ҳазор доллар ва бо кишварҳои хориҷи дур баробари 127 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА буд. Дар ҳамин давра содироти мол беш аз 328 миллиону 200 ҳазор доллар ва воридоти он зиёда аз 917 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод. Шарикони асосии ҶТ дар гардиши тиҷорати хориҷӣ аз ҷумлаи кишварҳои ИДМ Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва аз ҷумлаи мамлакатҳои хориҷи дур Туркия ва Чин мебошанд.

Апрель 17, 2012 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад