ГЕРОИН ДАР ПОЙАФЗОЛ

Апрель 5, 2012 16:59

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ҳангоми сабти ном ва назорати гумрукии мусофирони хати парвози Хуҷанд-Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷон Мадқобилови 39- соларо бо ҷурми даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, зимни муоина кормандони гумрук аз ду ҷуфт пойфзол чор адад бастаи селофании дорои хокаи монанд ба героинро дарёфт ва мусодира намуданд. Тибқи маълумотномаи коршиносон вазни холиси маводи аз Умарҷон Мадқобилов гирифташуда 476 граммро ташкил дод, ки ба маводи нашъадори героин мансуб мебошад.Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз ва ба Прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд равона карда шуд.

Апрель 5, 2012 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад