ГЕРОИН ДАР ПОЙАФЗОЛ
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ҳангоми сабти ном ва назорати гумрукии мусофирони хати парвози Хуҷанд-Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷон Мадқобилови 39- соларо бо ҷурми даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, зимни муоина кормандони гумрук аз ду ҷуфт пойфзол чор адад бастаи селофании дорои хокаи монанд ба героинро дарёфт ва мусодира намуданд. Тибқи маълумотномаи коршиносон вазни холиси маводи аз Умарҷон Мадқобилов гирифташуда 476 граммро ташкил дод, ки ба маводи нашъадори героин мансуб мебошад.Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз ва ба Прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд равона карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






