Гурӯҳи корӣ истифодаи самараноки нерӯи барқро меомӯзад
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҳафтаи сипаришуда бо супориши вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарбар шуданд. Мавриди тазаккур аст, ки ба вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 14 гурӯҳи корӣ сафарбар шуда, дар шаҳру ноҳияҳо онҳоро намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар як қисми минтақаҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии вилоятиву шаҳрӣ бо соҳибмулкон ва роҳбарони корхонаҳо ҷаласаҳои корӣ доир карда шуд. Мақсади сафар боздид аз корхонаҳои истеҳсолӣ, новобоста аз шакли моликият ҷиҳати истифодаи самараноки нерӯи барқ, ташкили фаъолияти корхонаҳо дар ду-се баст буда, дар айни замон бинобар фароҳам омадани имконияти таъмини тамоми ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ ҷиҳати истифодаи самараноки нерӯи барқ дар корхонаҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Вобаста ба ин аз ҷониби вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайгирии мунтазам ва доимии масъалаҳои мазкур, ҳамчунин таҳлилу баррасӣ, пешниҳоди ҳисобот ва андешидани тадбирҳо дар соҳаҳои вазорат ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ таъкид карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






