Гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Бадахшон
Хоруғ, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ бо мақсади муайян намудани ҳаҷми зарари боришоти зиёди барфу борон, фуромадани селу тарма ва тунбод дар моҳи март ва аввали моҳи апрел дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳри Хоруғ қарор дорад.Ба гурӯҳи мазкур муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Худоёр Худоёров, муовини вазири мелиоратсия ва хоҷагии об Анвар Зоҳиров, коршиноси Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Раҳимҷон Ҷӯраев ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоев, инчунин роҳбарону коршиносони идораю муассисаҳои марбутаи вилоят шомиланд.Гурӯҳи корӣ ҳолату вазъи роҳҳо, иншгоотҳои обёрӣ, барқу алоқа, маориф ва биноҳои истиқоматиро, ки бар асари офати табиӣ хароб гардида ё зарар дидаанд, ба таври дақиқ омӯхта, ҳаҷми умумии хисоротро муайян ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад.Мувофиқи маълумоти пешакии Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят, ҳаҷми умумии зарари офати табиӣ ба хоҷагии халқ ва аҳолии вилоят беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






