Густариши ҳамкориҳои дуҷониба
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо ҳайати Комиссияи Олии Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии ёвари Дабири кулли СММ Луис Гомес Эчеверри вохӯрӣ намуд. Аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот Ш.Раҳимзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба ҳайати Комиссияи Олии Созмони Милали Муттаҳид изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин ҷонибҳо дар рафти мулоқот баҳри рушди соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, бахши хусусӣ ва татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар мубодилаи афкор намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






