Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо роҳбари Раёсати Агентии энергетикии «Дена»-и Олмон ҷаноби Штефан Коллер баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти бахшҳои мухталифи энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимни сӯҳбат Штефан Коллер қайд кард, ки мулоқоти соҳибкорони олмонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Ёддошти тафоҳум бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷиҳати ҷалби бештари ширкатҳои олмонӣ ба соҳаи энергетикии Тоҷикистон тадриҷан заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд ва фаъолияти самараноки онҳо дар татбиқи лоиҳаи ин соҳаи муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон таъмин гардад. Аз ин дидгоҳ, ӯ таъкид намуд, ки ширкатҳои энергетикии Олмон алоқаманданд, ки Агентии энергетикии Олмон дар барқарор намудани робитаҳои мустақими корӣ бо вазорату муассисаҳои марбутаи Тоҷикистон ва иштироки онҳо дар татбиқи муштараки лоиҳаҳои энергетикӣ иқдоми заруриро роҳандозӣ кунад. Ҷонибҳо аз натиҷаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳанд ёфт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






