Х.Зарифӣ бо М.Енча сӯҳбат анҷом дод
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар»,).- 13 апрели соли 2012 сӯҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо Намояндаи Дабири кулли СММ, Раҳбари маркази СММ доир ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча бо дархости ахирӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин роҷеъ ба мавзӯъҳои пешгирии муноқишаҳо ва ҳамгироии минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, энергетика, манбаъҳои обӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






