«Хандаи тифлон зи нури ваҳдат аст»

Апрель 10, 2012 11:11

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 9 апрел дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов чорабиниҳои ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир гардиданд. Дар долону толори театр аз рӯи барномаи «Ваҳдат — рамзи саодати миллат» бахшида ба 15-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, сӯҳбати наврасон бо адибон баргузор гардид. Хонандагони Мактаби бачагонаи санъати ноҳияҳои тобеи марказ барномаи консертии «Гулу гулдастаҳои як чаманем»-ро пешкаши тамошобинон намуданд.  Ҳамчунин композитсияи адабии «Ваҳдат- рамзи саодати миллат» ва барномаи гулчини консертии фестивал — «Хандаи тифлон зи нури ваҳдат аст» ба намоиш гузошта шуд. Иштироккунандагон ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси маркази матбуоти Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев хабар дод.

Апрель 10, 2012 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд