«Хандаи тифлон зи нури ваҳдат аст»
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 9 апрел дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов чорабиниҳои ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир гардиданд. Дар долону толори театр аз рӯи барномаи «Ваҳдат — рамзи саодати миллат» бахшида ба 15-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, сӯҳбати наврасон бо адибон баргузор гардид. Хонандагони Мактаби бачагонаи санъати ноҳияҳои тобеи марказ барномаи консертии «Гулу гулдастаҳои як чаманем»-ро пешкаши тамошобинон намуданд. Ҳамчунин композитсияи адабии «Ваҳдат- рамзи саодати миллат» ва барномаи гулчини консертии фестивал — «Хандаи тифлон зи нури ваҳдат аст» ба намоиш гузошта шуд. Иштироккунандагон ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси маркази матбуоти Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






