Хисорот дар семоҳаи аввал 2, 3 млн.-ро ташкил намуд
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар давраи ҳисоботӣ аз рўи маълумоти пешакӣ 155 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба семоҳаи соли гузашта 139 адад зиёд мебошад.Дар натиҷаи офатҳои табиии рухдода 14 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид. Дар ҳамин давраи соли 2011 дар ҷумҳурӣ бар асари офатҳои табиӣ 17 нафар ҷони худро аз даст дод.Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тарма ба 93 манзили зисти шаҳрвандон зарари калони моддӣ расид, ки 19 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон гардид.Маблағи зарари дар семоҳаи аввали соли 2012 аз офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ расида дар асоси ҳуҷҷатҳои воридшуда ва ҳисоботи пешакӣ 2 млн 342 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.Дар семоҳаи аввали соли 2011 маблағи зарари аз офатҳои табиӣ расида181 ҳазору 300 сомониро ташкил намуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






