«Хуҷанд»- пешсафи чемпионати ҷумҳурӣ
Душанбе, 23 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Баъди дидорҳои даври сеюми мусобиқоти футболи мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд»-и Хуҷанд ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқот роҳ ёфт. Футболбозони ин даста дар меҳмонӣ тими «Парвоз»-ро бо натиҷаи 3 бар 2 шикаст доданд. Дар ин давр ҳамчунин «Зарафшон»-и Панҷакент «Гвардия»-ро дар майдонаш бо ҳисоби 0 бар 3 ноком кард ва «Вахш» ССКА «Помир»-ро бо ҳамин натиҷа дар майдон ба шикаст рӯ ба рӯ намуд. Дастаҳои мизбон «Энергетик» ва «Хайр» бар меҳмонони худ «Истаравшан» ва «Ҳосилот» бо натиҷаи 3 бар 2 ва 2 бар 1 пирӯз шуданд. Ҳамин тавр, баъди се давр «Хуҷанд» ва «Хайр» дар зинаи аввал бо 7 имтиёзӣ қарор доранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






