«Хуаксин Ғаюр семент» аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд

Апрель 25, 2012 14:29

Душанбе, 25 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» илова ворид намуд. Тибқи он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуаксин Ғаюр семент» барои ворид намудани таҷҳизот ва технология ҷиҳати сохтмони корхонаи семент дар ноҳияи Ёвон, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи ҷумҳурӣ бо тавзеҳи масъалаи мазкур дар назди вакилон гуфт: ин корхона бо арзиши лоиҳавии 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардида, 78 миллион доллари он барои ворид намудани хатти технологии истеҳсолӣ, таҷҳизот, техника, маводи сохтмонӣ сарф мешавад. Корхона иқтидори истеҳсоли 1 миллион тонна семент дар як солро дорад ва дар баробари ба фаъолият шурӯъ карданаш 1000 нафар шаҳрванди кишварамон бо ҷои кор таъмин мешаванд. Бо назардошти қонеъ гардонидани талаботи истифодаи семент ва содироти он ба ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» имтиёзҳои иловагии андоз барои ворид намудани техника ҷиҳати сохтмони корхонаи семент, ки маблағи озодшавии он аз пардохтҳои гумрукӣ 100 миллион сомонист, дода мешавад. Аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда 47 миллион сомонӣ ва боҷҳои гумрукӣ 13 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Дар сурати ба кор даромадани корхонаи семент дар як сол танҳо 135 миллион сомонӣ аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ба буҷаи кишвар ворид мегардад. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар корхона шурӯъ гардида, он дар зарфи 1 солу чор моҳ бунёд шуда, интизор меравад, ки тирамоҳи соли оянда ба истифода дода шавад. Мавриди зикр аст, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар 20 апрели соли 2012 ба масъалаи ҳавасмандӣ ва дастгирии соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ диққати махсус дода, дар бораи аз тамоми пардохтҳои андоз ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва технологияи муосир, ки ба рушди иқтисодиёт ва устувории он мусоидат менамояд, супоришҳои дахлдор дод.

Апрель 25, 2012 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад