Иҷлосия дар Академияи илмҳои ҶТ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 4 май дар Академияи илмҳои ҶТ иҷлосияи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои тадқиқоти илмӣ дар бахши илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар иҷлосия ҳисобот перомуни фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои тадқиқоти илмӣ дар давраи аз моҳи майи соли 2011 то моҳи апрели соли 2012, ҷараёни татбиқи технологияҳои муҳимтарин дар соҳаи биология шунида мешавад. Дар кори иҷлосияи Шӯро роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва донишкадаҳои олии кишвар иштирок мекунанд. Мувофиқи суханони котиби илмии Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои тадқиқоти илмӣ Раъно Бухоризода, дар давраи ҳисобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 359 лоиҳаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои тадқиқоти илмӣ иҷро гардиданд. Дар кори иҷлосия ҳамчунин раиси Шӯро, президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Маҳмадшо Илолов иштирок менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






