Иҷрои дастури ша ҳрдорӣ дар кадом сатҳ аст?

Апрель 9, 2012 15:36

Душанбе, 9 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи барқарорсозии роҳҳои пойтахт, ки бар асари сардиҳои зимистон хароб гардиданд, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ 9 апрел аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Ҷараёни корҳои таъмирӣ аз ҷониби ширкатҳои пудратӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавии аз ҳисоби саҳмгузорон фароҳамомада мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдор қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон бо таваҷҷӯҳ ба ҳолати иҷрои дастури шаҳрдорӣ аз 2 апрели соли 2012 дар робита ба масъалаи дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳои пойтахт баҳри пешгирии оқибатҳои селборишҳо аз ҷониби субъектҳои масъулу соҳибтавозун ва аз натиҷаи санҷишҳои анҷомдодаи комиссияҳои депутатӣ раиси шаҳр гузоришҳоро баррасӣ намуд. М. Убайдуллоев таъкид кард, ки бидуни саҳлангорӣ раисони ноҳияҳо ва Муассисаи давлатии «Раёсати обёрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқии аз ҳудуди иншооташон каналу селпартоҳо убуркунанда тадбирҳои воқеӣ андешанд. Дар ҷаласа дар радифи дигар масоили ҳаёти шаҳрдорӣ рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда, ҳолати татбиқи Нақшаи генералӣ дар маҳаллаи Ховарон, вазъи такмили лоиҳаи сохтмони иншооти беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳрӣ дар хиёбони Н. Қарабоев ва масъалаи вусъати ҷараёни корҳои омодагӣ ба навсозии иншооте, ки дар қисмати марказии шаҳр — кӯчаҳои А.Дониш-С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ ҷойгиранд, баррасӣ гардиданд.

Апрель 9, 2012 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд