Иҷрои ёздаҳ лоиҳаи байналмилалӣ ва грантӣ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) дар қатори иҷрои корҳои тадқиқоти илмӣ аз рӯи мавзӯъҳои тасдиқгардида, корҳои дигареро доир ба 11 лоиҳаи байналмилалию грантӣ ба маблағи бештар аз 2 млн. сомонӣ иҷро намуданд, ки 25 фоизи маблағгузории буҷавии Академияро ташкил медиҳад,- иброз дошт президенти АИКТ, академик Ҳукматулло Аҳмадов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».Ба гуфти Ҳ.Аҳмадов, тибқи Стратегияи ҶТ дар соҳаи илм ва технология чор барномаи давлатӣ марбут ба рушди инноватсия, ҳамгироии илм бо таҳсилоти олӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ, 7 барномаи рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ иҷро гардиданд. Олимони Академия дар асоси дастовардҳои илмӣ соҳиби 11 патент ва 32 шаҳодатномаи муаллифӣ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






