ICD дар Тоҷикистон ширкати лизингӣ таъсис медиҳад

Апрель 20, 2012 10:48

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 17 апрел раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов бо ҳайати расмии Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD), ки аъзои гурӯҳи Бонки исломии рушд мебошад, мулоқот намуд. Ҳайати мазкурро раиси иҷроияи ширкати IJARA Management company Санҷив Чадна, роҳбари минтақавии ICD дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо Самир Тагиев ва директори кулли ширкати лизингии ANSAR leasing (Озарбойҷон), ки моликияти Бонки исломии рушд мебошад, муаррифӣ намуданд.Намояндагони ҳайат иброз намуданд, ки ҳайати онҳо бо мақсади таҳлил ва арзёбии ҳолати воқеӣ ва муайян намудани имконияту иқтидорҳои бозори бонкдориву лизингии Тоҷикистон ба Ҷумҳури Тоҷикистон сафарбар карда шуданд. Зикр шуд, ки ҳангоми муқаррар гардидани муҳити мусоид дар ин самт дар назар аст, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон ширкати лизингӣ таъсис дода шавад. Д. Саидов омодагии сохтори худро барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ намудан бо Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва бевосита бо Бонки Исломии Рушд иброз намуд.

Апрель 20, 2012 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад