Ифтитоҳи марказҳои таълимӣ дар Истиқлолу Ашт
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 4 апрели соли равон дар шаҳри Истиқлол таҳти раёсати Раиси кумитаи Имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Сайид Ҷаводи Разавӣ маркази омӯзишии дӯзандагӣ барои духтарон ба истифода дода шуд. Ҳамчунин бо ибтикори Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, дар ҷамоати Кирқудуқи ноҳияи Ашт маркази ҷадиди омӯзиши дӯзандагӣ барои духтарони оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоат ифтитоҳ гардид. Аз рӯи иттилоъи Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маркази нави таълимӣ 40 нафар духтар дар давоми се моҳ дар ду баст нозукиҳои касби дӯзандагиро аз устодони моҳир меомӯзанд. Раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизов бо ишора ба муштаракоти фарҳангиву динии Тоҷикистону Эрон гуфт, ки Ҷумҳурии исломии Эрон аз нахустин кишвари ҷаҳон аст, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва давоми солиёни зиёд барномаҳои мухталифи судмандро дар Тоҷикистон татбиқ месозад. Сайид Ҷавод Разавӣ қайд намуд: тоҷикону эрониён ба мисли ду шохаи як дарахтанд, ки аз қадим як буданду ҳоло ҳам як ҳастанд ва ҳамеша як хоҳанд монд ва ҳеҷ касе наметавонад, ки моро ду кунад. Вай изҳори умед кард, ки ифтитоҳи маркази ройгони дӯзандагӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони ноҳияи Ашт мусоидат намуда, ба онҳо имкон медиҳад, то дар оянда бо ин ҳунари андӯхтаашон зиндагиро пеш баранд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






