Ифтитоҳи марказҳои таълимӣ дар Истиқлолу Ашт

Апрель 6, 2012 16:46

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 4 апрели соли равон дар шаҳри Истиқлол таҳти раёсати Раиси кумитаи Имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Сайид Ҷаводи Разавӣ маркази омӯзишии дӯзандагӣ барои духтарон ба истифода дода шуд.  Ҳамчунин бо ибтикори Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, дар ҷамоати Кирқудуқи ноҳияи Ашт маркази ҷадиди омӯзиши дӯзандагӣ барои духтарони оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоат ифтитоҳ гардид. Аз рӯи иттилоъи Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маркази нави таълимӣ 40 нафар духтар дар давоми се моҳ дар ду баст нозукиҳои касби дӯзандагиро аз устодони моҳир меомӯзанд. Раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизов бо ишора ба муштаракоти фарҳангиву динии Тоҷикистону Эрон гуфт, ки Ҷумҳурии исломии Эрон аз нахустин кишвари ҷаҳон аст, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва давоми солиёни зиёд барномаҳои мухталифи судмандро дар Тоҷикистон татбиқ месозад. Сайид Ҷавод Разавӣ қайд намуд: тоҷикону эрониён ба мисли ду шохаи як дарахтанд, ки аз қадим як буданду ҳоло ҳам як ҳастанд ва ҳамеша як хоҳанд монд ва ҳеҷ касе наметавонад, ки моро ду кунад. Вай изҳори умед кард, ки ифтитоҳи маркази ройгони дӯзандагӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони ноҳияи Ашт мусоидат намуда, ба онҳо имкон медиҳад, то дар оянда бо ин ҳунари андӯхтаашон зиндагиро пеш баранд.

Апрель 6, 2012 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид