Иловапулӣ ба нафақа
Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба нафақаи моҳонаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе 150 сомонӣ илова карда мешавад. Дар ин хусус дар иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 19 апрел таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, қарор қабул гардид. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе дар иҷлосия ба масоили рушди бахши иҷтимоӣ дахл карда шуда, зикр гардид, ки солҳои 2012-2014 дар пойтахт ҷиҳати коҳиш додани афзоиши шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили ҷойҳои кории нав «Соли дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ» эълон шудааст. Аз ин рӯ, барои пешгирии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳар гуна санҷишҳои ғайриқонунӣ Комиссияи босалоҳияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баҳри баррасии муроҷиати соҳибкорон доир ба мудохилаву санҷишҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ накардааст, аммо аз ҷониби сохторҳои масъули назорати давлатӣ гузаронида мешаванд, таъсис дода шавад. Дар ин хусус бо ҳамкории Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе бобати дастрасӣ ба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба соҳибкорон дар заминаи сомонаи интернетии www.mometavonem.tj бахши махсуси хизматрасонӣ ташкил карда шавад. Ҳамзамон ҷиҳати мусоидат ба татбиқи дастоварду ихтирооти соҳаи илми ватанӣ дар истеҳсолот ва роҳандозии онҳо дар заминаи корхонаҳои саноатии шаҳр ё худ зимни ташкили корхонаҳои нав муқаррар гашт, ки ҳайати олимон – вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз дастовардҳои илмии дар ҳаёт татбиқгаштаи худ соле як маротиба ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисобот диҳанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






