Имзои лоиҳаи нав
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 12 апрел дар шаҳри Душанбе маросими имзои лоиҳаи «Мадад» ба рушди интитутсионалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Ҳуҷҷатро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев имзо намуданд.Мақсад аз лоиҳаи мазкур мусоидат ба таҳким бахшидани нерӯи касбии кормандони дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва такмили донишҳои онҳо дар мавриди ваколатномаҳои муассисаҳои СММ ва масъалаҳои умумиҷаҳонӣ мебошад. Ин ҳуҷҷат ҳамчунин масъалаҳои дигари муҳимро, аз қабили барқарор намудани мушорикат бо марказҳои миллӣ ва илмии байналмилалӣ ва ниҳодҳои таълимӣ барои расонидани хидмати илмию тадқиқотӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ дар бахшҳои интихобшуда дар бар мегирад.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






