Имзои санадҳо дар Вазорати энергетика ва саноат

Апрель 23, 2012 16:28

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати Вазорати илм ва техникаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ширкати «Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd»-и ин кишвар бо сардории профессор Жэн Сянкун баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки ҳайати мутахассисони чинӣ иборат аз 8 нафар олиму коршинос бо даъвати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварамон ташриф оварданд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ба истифодаи ангишт гузаронидани ҶСК «Тоҷиксемент», аз ангишт истеҳсол кардани гази табиӣ барои таъминоти аҳолӣ, имконияти ҳамкориҳо дар масъалаи корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар соҳаи нафту газро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мутахассисони чинӣ баъди боздид аз ҶСК «Тоҷиксемент» омӯзиши хатҳои технологии он ва гирифтани маълумоти зарурӣ асосноккунии техникию иқтисодиро доир ба масъалаи ба истифодаи ангишт гузаштани корхона таҳия ва пешниҳод хоҳанд намуд. Пас аз вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо Ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати « Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd» Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи истифодаи маҷмӯавии ангишт ва ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ, ҳамчунин Протоколи ҳамкорӣ байни ҶСК «Тоҷиксемент» ва ширкати « Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd» ба имзо расид.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.

Апрель 23, 2012 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад