Имзои созишномаи қарзӣ
Суғд, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Ташкилоти қарзии хурди «Имон Интернейшнл» калонтарин ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар 39 манотиқи кишвар фаъолият мебарад. Шумораи умумии мизоҷони он 46 ҳазор нафар буда, 37 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. «Имон Интернейшнл» ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна бо Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ — аъзои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ созишномаи қарзии навбатиро имзо намуд. Созишномаи қарзии навбатӣ бо асъори миллии Тоҷикистон буда, аввалин лоиҳаи қарзии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ бо асъори миллӣ мебошад. Маблағи умумии қарз 24 миллион сомонӣ (5 миллион доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад ва ба мӯҳлати 5 сол пешниҳод шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






