«ИНДИГО» дафтари кориро боз намуд
Хоруғ, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «ИНДИГО» — и Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба таври расмӣ дафтари нави корӣ боз намуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилоят Қодири Қосим, раиси шаҳри Хоруғ Иброҳимбек Ғозибеков ва директори кулли ҷамъияти мазкур Мансурҷон Ҳомидов ширкат доштанд. «ИНДИГО» — и Тоҷикистон нахустин ширкати мобилиист, ки сарфи назар аз шароити душвори кӯҳистон дастгоҳҳои мобилии худро васл намуда ва барои сокинони вилоят шароити мусоиди мухобиротӣ фароҳам овардааст. Вай на фақат деҳоти дурдасти Бадахшонро бо тамоми олам пайваст намуд, балки 130 нафар сокинони шаҳру деҳотро низ бо ҷойи кор таъмин сохт.Раиси вилоят Қодири Қосим намояндагони «ИНДИГО» — и Тоҷикистонро бо соҳиб шудан ба чунин дафтари хуби корӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки имрӯз ширкати мазкур дар вилоят 103 дастгоҳи замонавӣ ва беш аз 50 ҳазор муштарӣ дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






