Иншооти наврӯзӣ
Кӯлоб, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб якчанд иншоот, ки бо маблағгузории буҷаи маҳаллӣ ва соҳибкорони шаҳр бунёд ёфтаанд, ба истифода дода шуд. Бинои ширкати хусусии «Чакан» дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳр аз ин ҷумла аст. Дар он минбаъд 50 нафар зану духтари чевар фаъолият намуда, маҳсули дастранҷи хешро ба фурӯш мебароранд. Бинои дуошёнаи боғчаи бачагонаи рақами 3–и шаҳр бо маблағгузории ҳокимияти маҳаллӣ аз ҷониби ҶДММ «Давлатманд» ба маблағи 730 ҳазор сомонӣ аз таъмири пурра бароварда ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин аз ҷониби шаҳрванд Абдулло Гулиев маркази табобатӣ мавриди истифода қарор гирифт ва он бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, мутахассисони беҳтарин ба кор ҷалб шуданд. Ифтитоҳи маркази савдои «Баҳром» дар маҳаллаи 1- май дар рӯзҳои таҷлили наврӯзи имсола боиси хушнудии сокинон гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






