Интихобот дар ҳавзаи Душанбе

Апрель 4, 2012 14:17

Душанбе, 4 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-9 июни соли 2012 дар ҳавзаи интихоботии №4 шаҳри Душанбе интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои аъзои хориҷшуда гузаронида мешавад. Дар робита ба ин 4 апрел дар ҷаласаи комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси КМИР баргузор шуд, қарори марбута қабул гардид. Зикр шуд, ки дар иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумони мамлакат, ки 29 марти соли равон баргузор гардид, ваколати узви Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи интихоботии Душанбе №4 Нуриддин Саидов бо сабаби ба кори дигар гузаштан қатъ гардид. Бинобар ин тибқи талаботи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ интихоботи нав дар муддати се моҳ баъди қатъ гардидани ваколати онҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар ҷаласа нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Душанбе №4 тасдиқ гардид. Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси КМИР ба Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи КМИР супориш дод, ки иҷрои саривақтии ҳар як банди Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосиро зери назорат қарор диҳад. «Тамоми кӯшиши масъулин ба он равона карда шавад, ки интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона, озод ва шаффофу демократӣ баргузор гардад», -таъкид кард дар фарҷоми ҷаласа Шоҳиён.

Апрель 4, 2012 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд