Искандари Рустам:роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ
Душанбе, 3 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар чемпионати Осиё доир ба гӯштини тарзи озод ба Искандари Рустам муяссар шуд, ки дар вазни то 96 килограмм соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ гардад. Ин ягона дастоварди назарраси паҳлавонони тоҷик дар соири ин рақобатҳо буд. Рустам дар вохӯрии ниҳоӣ аз паҳлавони Ӯзбекистон Қурбон Қурбонов шаҳди мағлубият чашида, соҳиби медали нуқра гардид. Дар мусобиқа инчунин Николай Ноев (55 кг), Фарҳоди Усмонзода (60 кг), Зелимхон Юсуфов (66 кг, Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг) ва Эраҷ Холов (120 кг) иштирок доштанд Паҳлавони номии мамлакат Юсуф Абдусаломов , барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин-2008 дар мусобиқаи интихобии осиёӣ дар Остона баъди ду пирӯзӣ дар даври нимниҳоӣ аз гӯштингири эронӣ Лашкари Эҳсон мағлуб шуда, рақобатҳояшро дар ин мусобиқа ба поён расонд. Гӯштингирони фарангии кишвар дар ҳайати Манучеҳр Аллаев (84 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (120 кг) ба комёбӣ муваффақ нашуданд.Искандар панҷумин варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба бозиҳои 30-юми тобистонаи олимпӣ дар Лондон гардидааст. Аз ин пеш гурзандоз Дилшод Назаров, муштзан Анвар Юнусов, таэквандочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов роҳхатҳои олимпиро ба даст оварданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






