Истеҳсоли картошка зиёд мешавад

Апрель 12, 2012 09:05

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии вазорати мазкур, дурнамои кишти картошка дар соли 2012 дар масоҳати 22 ҳазору 316 гектар ва кишти сабзавот дар 23 ҳазору 440 гектар пешбинӣ шудааст.То 10 –уми апрели соли ҷорӣ дар майдони се ҳазору 502 гектар картошка ва дар масоҳати 12 ҳазору 233 гектар сабзавот кишт карда шудааст. Дар ин муддат ҳамчунин дар 331 гектар карам, дар 1 ҳазору 782 гектар сабзӣ ва дар 8 ҳазору 607 гектар пиёзи барвақтӣ коштанд.Бо супориши Сарвари давлат дар соли ҷорӣ нақшаи васеъ кардани заминҳои кишти картошка дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод,Ҷиргатол ва Тавилдара ба миён гузошта шуда, барои ба даст овардани 1 млн. тонна картошка дастур дода шудааст. Дар айни замон ноҳияҳои зикршуда барои васеъ кардани замини кишти картошка корро оғоз кардаанд.

Апрель 12, 2012 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад