Истеҳсоли маҳсулоти шишагӣ афзуд

Апрель 2, 2012 17:19

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- ҶДММ «Корхонаи нонпазию қаннодӣ»-и шаҳри Қайроққум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корхонаи нав хатти технологии истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ ворид намуд. Моҳи марти соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхона кушоиш ёфт ва ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори солонаи корхона 1,3 миллион метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ ва истеҳсоли 25 миллион дона зарфи шишагиро ташкил медиҳад. Дар корхона 150 нафар коргар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, соли 2011-ум 225,6 ҳазор метри мураббаъ ба маблағи 4,4 миллион сомонӣ ва дар ду моҳи соли 2012 (январ-феврал) 35 ҳазор метри мураббаъ ба маблағи 665,4 ҳазор сомонӣ шишаи сохтмонӣ истеҳсол гардид. Дар айни замон хатти технологии истеҳсоли бонкаҳои 1 ва 2 литра пурра насб шуда, 10 ҳазор дона бонка ба таври озмоишӣ истеҳсол шудааст. Барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли бонка аз Ҷумҳурии Мардумии Чин як хумдони дигар харид шудааст, ки рўзҳои наздик ба ҷумҳурӣ ворид ва насб мегардад. Мавриди қайд аст, ки корхона аллакай бо соҳибкорони ватанӣ барои 3,5 миллион дона бонка шартнома бастааст, ки як қисми маблағи он пешпардохт шудааст.

Апрель 2, 2012 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад