Истеҳсоли зарфҳои шишагӣ дар Суғд

Апрель 21, 2012 10:35

Суғд, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бародарони саховатманд» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Қайроққум хати нави технологии истеҳсоли зарфҳои шишагӣ васлу насб гардид. Хати нави технологӣ аз озмоиш муваффақона гузашт ва ҳоло дар ин таҷҳизоти муосир чанд намуди зарфҳои шишагӣ истеҳсол мешавад. Истифодаи сӯзишвории алтернативӣ (ангишт) аз афзалиятҳои ин хату таҷҳизоти технологии корхонаи тозатаъсис мебошад.Корхонаи нав иқтидор дорад дар як шабонарӯз 20 ҳазор дона, дар як моҳ то 600 ҳазор дона зарфи шишагии аз 500 грамма то 2 литраро истеҳсол намояд. Ба роҳ мондани истеҳсоли зарфҳои шишагӣ дар дохили кишвар барои таъмини корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва коргоҳҳои истеҳсолкунандаи оби нӯшокӣ аҳамияти муҳим дорад.

Апрель 21, 2012 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд