Истиқболи Искандар
Кӯлоб, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов).–Чанде пеш раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов як гурӯҳ варзишгарон ва мураббиёнро ба ҳузур пазируфт. Раиси шаҳр аз дастоварди Искандари Рустам- чемпиони мусобиқаи интихобии Осиё дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – 2012 гардид, изҳори хушнудӣ намуда, гуфт: ин муваффақияти на танҳо Искандар, балки тамоми мардуми тоҷик мебошад.Аз ҳисоби буҷаи шаҳр ба Искандари Рустам тӯҳфаҳои пулию молӣ тақдим гардида, раиси шаҳр ба раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр супориш дод, ки дар донишгоҳу мактабҳои варзишӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ вохӯрии паҳлавонро бо ҷавонон доир намоянд, инчунин баҳри тарғиби варзиш дар байни ҷавонон тақвиму овезаҳо бо акси Искандари Рустам омода ва дар кӯчаҳои марказии шаҳр насб шаванд. Акнун Искандари Рустам барои иштироки муваффақона дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – 2012 омодагӣ мегирад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






