Истиқболи Рӯзи пойтахт бо ҳашари умумишаҳрӣ ва ниммарафони байналмилалӣ

Апрель 20, 2012 15:23

Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мешавад, соли равон бо ҳашари умумишаҳрӣ истиқбол мегардад. Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе мегӯяд: дар ин рӯз аз соати 8 то 11 дар чор ноҳияи пойтахт тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ва сокинони пойтахт ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, дар тозаю обод гардонидани маҳали зисти худ ва корхона, идораю ташкилот саҳм мегузоранд. Ҳамзамон дар ин рӯз як қатор иншооти нав ва иморатҳое, ки сохтмонашон ба анҷом расидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Бобати дилхушии сокинон ва меҳмонони пойтахт дар Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», майдони «800-солагии Маскав» ва гулгашти ба номи А. Мироненко сайругашти оммавии шаҳрвандон, маҳфилҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил мешавад. Дӯстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солимро аз соати 10.00 ниммарафони сеюми байналмилалӣ интизор аст. Ин чорабинии варзишӣ бо иштироки варзишгарон аз шаҳрҳое, ки бо Душанбе паймони бародарӣ бастаанд, сурат мегирад. Инчунин ба ифтихори таҷлили Рӯзи пойтахт дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ таҳти унвони «Душанбе – пойтахти илму маърифат» намоишгоҳи доимӣ созмон дода шуда ва дар мактабҳои мусиқии бачагонаи шаҳри Душанбе таҳти шиори «Душанбе-шаҳри орзуҳо» фестивал гузаронида шудааст. Шавкат Саидов афзуд, ки дар остонаи Рӯзи пойтахт як қатор озмунҳои шаҳрӣ, аз қабили «Маҳаллаи беҳтарин», «Беҳтарин муассисаи тандурустии пойтахт», «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт», «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт», «Мактаби сол-2011», «Директори сол-2011», «Муаллими сол-2011», «Кӯдакистони сол-2011», «Мудири кӯдакистони сол-2011», «Мураббии сол-2011», «Синфи беҳтарини сол-2011» ҷамъбаст гардидаанд. Дар робита ба ин дар Маркази равобити пойтахт ба ғолибони озмунҳо аз ҷониби шаҳрдори Душанбе тӯҳфаҳо тақдим мегардад. Чорабиние, ки таҷлили Рӯзи пойтахтро пуршукӯҳтар менамояд, баргузории барномаи консертӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар Боғи устод Рӯдакӣ аст , ки он соати 17 барпо хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе аз соли 2004 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Он вақт Сарвари давлат зимни суханронии худ ба муносибати 80- солагии шаҳри Душанбе ин пешниҳодро ироа карда буд.

Апрель 20, 2012 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд