Истифодаи низоми хавфҳо дар санҷишҳо
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии низоми истифодаи хавфҳо ҳангоми ба нақша гирифтани санҷишҳои андоз баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ширкат варзиданд. Истифодаи низоми хавфҳо имкон медиҳад, ки фаъолияти андозсупорандагон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ба тариқи автоматӣ мушоҳида шуда, аз рӯи ҷой доштани хавфҳои бештар андозсупорандагон барои санҷиш интихоб гарданд.Мақсад аз ҷорӣ намудани системаи идораи хавфҳо ошкор ва пешгирии конуншиканӣ дар пардохти андоз бо роҳи ҳимояи манфиати андозсупорандагони бовиҷдон буда, имконият медиҳад, ки дахолати макомоти андоз ба фаъолияти андозсупорандагоне, ки ба қонуншиканиҳои андоз роҳ намедиҳанд, маҳдуд ва самаранокии корҳои назоратӣ таъмин карда шаванд. Низоми муқаррар намудани санҷишҳо бо истифода аз усули хавфҳо дар бисёр давлатҳо истифода мешавад.Бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди амал қарор додани ин усул бо дастгирии Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии молиявӣ соли 2011 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.Аз тарафи гурӯҳи корӣ меъёрҳои хавфҳо таҳия шудаанд, ки тибқи онҳо номгӯи андозсупорандагоне тартиб дода мешавад, ки эҳтимоли таҳти санҷиш қарор додани онҳо бештар аст.Дар баробари ин андозсупорандагоне, ки ба қонуншиканӣ дар пардохти андоз роҳ намедиҳанд, метавонанд солҳои зиёд таҳти санҷиши андоз қарор нагиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






