Изҳороти Хадамоти муҳоҷирати ҶТ
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар байни ҳалокшудагони сӯхтор дар шаҳри Маскав шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.Тавре қаблан хабар дода шуда буд, бар асари сӯхтор дар ҳудуди бозори Качалови шаҳри Маскав 17 нафар ҳалок шудааст.Бархе васоити ахбори оммаи Русия бо истинод ба манбаъҳои мухталиф ва сипас расонаҳои дигари хориҷию дохилӣ шитобкорона хабар доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шудаанд.«Вале дар натиҷаи тафтиши муфассал маълум гардид, ки байни ҳалокшудагони сӯхтор шаҳрвандони ҷумҳурии мо нестанд ва аслан сокинони Ӯзбекистони бародар ҳалок гардидаанд», — тавзеҳ дод манбаъ ва афзуд, ки Хадамоти муҳоҷират аз марги онҳо дар андӯҳ буда ва ба хешовандон ва пайвандони ҳалокшудагон сидқан изҳори ҳамдардӣ мекунад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






