Кӯмак ба оилаҳои камбизоат
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мушовир оид ба масъалаҳои тамос бо ҷомеаи Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶСС ва ҲА), бо истифода аз бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ ба Ҷамъияти Хилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷиҳати таъмини маводи ғизоӣ ба оилаҳои зарардида ва камбизоати ноҳияи Мурғоб мусоидат менамояд.Ба иттилои манбаъ, бештар аз 20 фоизи аҳолии ноҳияи Мурғобро оилаҳои серфарзанд, пирони танҳо ва оилаҳое, ки саробонашон зан аст, ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ чунин оилаҳо беш аз 500 хонаводаро дар бар мегиранд. Ин оилаҳои камбизоат дар давоми чор моҳ бо орд, чой, намак, қанд ва равған таъмин карда мешаванд.Боис ба ёдоварист, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз соли 1927 ба мардуми ниёзманд кӯмак мерасонад. Нақшаҳои барномаи феълии (ҶҲАТ) бо ҳадафҳои Федератсияи байналмилалӣ ва стратегии он то соли 2020 мувофиқ дониста шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






