Кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Мувофиқи паймони байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ 30 марти соли 2012 барои рафъи оқибати шароити номусоиди обу ҳавои Тоҷикистон дар фасли зимистон 3 апрели соли 2012 миқдори аввали кӯмаки башардӯстонаи ҷониби Русия ба шаҳри Душанбе оварда шуд.4 ва 5 апрели соли ҷорӣ тавассути ду ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия миқдори боқимондаи кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ оварда мешавад. Феҳристи кӯмаки башардӯстона иборат аз хаймаҳо, асбобҳои гармидиҳӣ, нерӯгоҳҳои сайёри барқӣ ва амволи дигари зарурӣ мебошад, ки онҳо ба минтақаҳои аз офати табиӣ зарард идаи Тоҷикистон фиристода мешаванд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






