Кадом даста беҳтар аст?

Апрель 3, 2012 15:11

Душанбе, 3 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз бозиҳои ҷавобии Лигаи чемпионҳои Аврупо бо ширкати дастаҳои “Барселона ва “Милан” дар “Ноу Камп” ва “Бавария” бо “Марсел” дар “Аллянс Арена” баргузор мешаванд. Агар “Бавария” барои гузаштан ба марҳилаи дигар вазифаи душвор надошта бошад( ғалаба бар “Марсел” дар сафар бо натиҷаи 2:0), пас дар вохӯрии сангини “Барселона ва “Милан” (0:0) ҳар ду дастаи тавонои Аврупо имконияти баробар доранд. Дастгирии мухлисони “Барселона” метавонад ба футболбозонаш рӯҳу тавони тоза бахшида, барои ҳамлаҳои пайдарпай замина ба вуҷуд орад. “Милан” ҳам бо як ҳамлаи ҷавобии натиҷадор метавонад ин вохӯриро ба нафъи худ анҷом диҳад. Пас ба саволи кадом даста беҳтар аст, имрӯз мо ҷавоб хоҳем гирифт.

Апрель 3, 2012 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд