Канал вайрон шуд
Хоруғ, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар деҳаи Кӯлеви ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа бар асари канда шудани кӯҳпора қисмати зиёди канали обгузари Додихудоев вайрону валангор гашта, ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад. Саргаҳи ин канали обгузар аз секилометраи маркази вилоят, аз деҳаи Шод оғоз гардида, ба воситаи он заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллаҳои Андарситез, Абдураҳмони Ҷомӣ, заводи нон ва боз чанд маҳаллаи дигар шодоб мегарданд.Сардори Раёсати истеҳсолии таъмиру истифодаи оби вилоят Баҳодур Сулаймонов ин офати табииро ҳодисаи даҳшатовар арзёбӣ намуд, зеро дар сурати тӯл кашидани таъмири канал боғоту замини сокинони маркази ВМКБ нобуд мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






