Китобхона дар Даҳана
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба бунёди иншооти маданию фарҳангӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар семоҳаи якуми соли 2012 дар шаҳри Ваҳдат дуюмин китобхона дари худро барои алоқамандону дӯстдорони китоб боз намуд. Китобхона дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат аз тарафи соҳибкор Исмоил Тиллоев бунёд шудааст. Дар шафати китобхона мағозаи фурӯши маводи хониш низ ба фаъолият оғоз бахшид, ки минбаъд ба сарсониҳои волидайни хонандагон ҷиҳати дастрасии ашёи лозимӣ хотима мебахшад.Китобхона бо кӯмак ва дастгирии шӯъбаи фарҳанг ва Китобхонаи марказии шаҳр бо рафҳои китобгузорӣ ва 2638 нусха китоби гуногунмазмун таъмин карда шуд ва дӯстдорони китоб метавонанд мунтазам аз он истифода баранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






