Комиссияи экологӣ фаъолияти «ТАЛКО» -ро баррасӣ кард
Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» ҷиҳати ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои экологии корхона ва ҷараёни иҷрои «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» дар бахши таъмини суботи экологӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Комиссияи муваққатии экологии парлумони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Комиссияи экологӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов ва директори департаменти ҳифзи меҳнат, экология ва сифати КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Уктам Ҳайдаров зикр намуданд, ки Комиссияи муваққатии экологии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар давраи начандон тӯлонӣ корҳои муайянеро ба сомон расонид, аммо имрӯз воқеият аз мо талаб дорад, ки фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам вусъат бахшем. Тазаккур дода шуд, ки дар давоми сол на кам аз ду маротиба аъзои Комиссияи экологӣ барои аз наздик шинос шудан ва тайёр намудани маълумотнома ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаи Комиссияи экологӣ ба корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» сафари корӣ анҷом медиҳанд. Ҳамзмон дар ҷаласа Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Рустам Латифов, раиси Комиссияи муваққатии экологии парлумон ва Галия Рабиева, узви Комиссияи мазкур дар бораи рафти иҷрои «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 дар бахши таъмини суботи экологӣ» табодули назар карданд. Зикр шуд, ки Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қисми таркибии «Барномаи миёнамӯҳлати амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ба ҳисоб рафта, ҷабҳаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар ин давра муайян менамояд. Бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои ин Стратегия ҷиҳати татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ ва иқтисодӣ бо назардошти захираҳои мавҷуда ва эҳтиёҷоти иловагӣ корҳои мушаххас ба нақша гирифта шудаанд, ки онҳо ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ баҳри коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар равона мегарданд. Роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои марбута қабул гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






