Комёбии самбочиёни тоҷик
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш дар шаҳри Маскав ба ифтихори 105 – солагии асосгузори гӯштини тарзи самбои низомӣ Анатолий Харлампиев мусобиқоти ХУП ҷаҳон аз рӯи ин намуди варзиш баргузор гардид, ки дар он варзишгарони 13 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла самбочиёни Тоҷикистон иштирок доштанд.Тавре аз хадамоти матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин мусобиқот гӯштингири Тоҷикистон дар вазни то 68 килограмм Шоҳин Сафаров ҷойи дуюмро ишғол намуд. Гӯштингири дигари тоҷик Сафар Маҳмадрасулов дар вазни 90 килограмм низ соҳиби медали нуқра гардид. Ғолибонро раиси кумитаи тадорукотии мусобиқот, узви Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Асламбек Аслахонов мукофотонид.Сипас муовини роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР Саид Бойев варзишгаронро муборакбод намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






