Конфронс дар мавзӯи амнияти сарҳадот
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ҳошияи барномаи мадад ба идораи сарҳадоти Осиёи Марказӣ 16 – 17 апрел дар шаҳри Венаи Австрия Конфронси даҳуми вазоратӣ таҳти унвони «Ибтикорот ба хотири амнияти сарҳадоти Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Мақсад аз конфронс муайян намудани муносибати комплексию устувор ба идораи сарҳадоти Осиёи Марказӣ барои беҳдошти амнияти сарҳадӣ, тиҷорат ва рушди иқтисодӣ буд. Конфронс бо ибтикори Вазорати федералии корҳои дохилии Австрия ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид доир гардид.Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни конфронс масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Осиёи Марказӣ, танзими байнидавлатии фаъолият аз рӯи масъалаҳои идораи сарҳадот ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар кори конфронс директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов ва намояндагони дигари баландпояи давлатҳои аъзои САҲА иштирок доштанд. Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов, сардори хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Гурез Зарифов, муовини аввали директори Агенти назорати маводи нашъаовар Вайсиддин Азаматов ва намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ намояндагӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






