Конфронси байналмилалӣ дар Маскав
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 12 апрел дар шаҳри Маскав Конфронси 9 – уми илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ — омили наву муҳими таъмини сулҳу суботи фазои АвруОсиё» баргузор гардид. Конфронсро Дастгоҳи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русия ва Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ифтихори 20 – солагии Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10 – солагии САҲА доир намуданд. Дар конфронс аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ва муовини ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия профессор Раҳмон Ӯлмасов суханронӣ карда, мақоми САҲА – ро дар таъмини амнияти минтақавию миллӣ ва зарурати беҳдошти ҳамкории аъзои созмон қайд намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






