Конфронси илмию амалӣ
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Украина ба ифтихори 20 – солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистону Украина дар фазои АвруОсиё — ибрати муколама» баргузор гардид. Дар кори конфронс роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва вазорату идораҳои Украина, олимон, нависандагон, ходимони илму фарҳанг, намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.Дар конфронс сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов, муовини ректори Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко, оид ба равобити байналмилалӣ профессор Пётр Бер, раиси шӯрои ҷамъияти тоҷикон дар Украина Нурмаҳмад Собиров ва дигарон сухан карданд.Иштирокдорони конфронс изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина минбаъд ҳам рушду густариш ёфта ва ба таҳкими равобити дӯстонаи миёни халқҳои тоҷику украин мусоидат менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






