Корхонаи нави саноатӣ дар Мӯъминобод
Кӯлоб, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Мӯъминобод аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Гулдаст» корхонаи нави хишт таъсис дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол беш аз 3 миллион дона хиштро дар бар мегирад. Корхона дар ду баст фаъолият карда, дар як шабонарӯз 15000 хишти пухта истеҳсол менамояд. Мақсад аз таъсиси корхона саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сохтмон, таъмини биноҳои навбунёд бо масолеҳ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани бекорон мебошад. Дар корхона 30 нафар фаъолият дошта, масъулин метавонанд 30 нафари дигарро ба кор қабул намоянд. Сифат ва нархи масолеҳи истеҳсолгардидаи корхона нисбат ба дигар корхонаҳои фарқ дошта, як дона хишти хом 17 дирам ва хишти пухта 43 дирамро ташкил медиҳад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






