Корхонаи семент дар Мастчоҳ

Апрель 2, 2012 17:25

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ идома дорад. Бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби ҶДММ «Суғд семент» сохтмон ва насби таҷҳизоти навбати аввали корхонаи семент (бо иқтидори солонаи 100 ҳазор тонна семент) давом дорад. Корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, иҷрои васлу насби таҷҳизот 90 %-ро ташкил медиҳад. Ҳоло дар корхона 2 мутахассиси чиноӣ ва 110 нафар коргари маҳаллӣ дар ду баст ба корҳои насбу озмоиш ва компютеркунии таҷҳизот машғуланд. Ифтитоҳи расмии корхона охири моҳи апрел пешбинӣ гардидааст. Дар ин корхона бунёди 152 ҷойи нави корӣ дар назар дошта мешавад.

Апрель 2, 2012 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард