Коршиноси Русия дар Тоҷикистон

Апрель 4, 2012 11:45

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо даъвати Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон коршиноси мустақил Галина Маштакова аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Галина Маштакова дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон зарурати хадамоти муҳоҷиратро таҳлилу арзёбӣ менамояд. Мавсуф бо ин мақсад 3 апрел бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев мулоқот анҷом дод.Мувофиқи суханони манбаъ, коршиноси Русия бо роҳбарони ҳамаи шӯъбаҳо, ҳамчунин раёсатҳои хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ ва вилоятҳои Хатлону Суғд вохӯрданист. Натиҷаи арзёбӣ барои ҷалби захираҳои хориҷию дохилӣ ба манзури рушди минбаъдаи сохтори навтаъсис манзури Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, ҳамчунин ҷамъияти мададгор карда мешавад.

Апрель 4, 2012 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд