Кумитаи одоби ФФТ ҷазо медиҳад
Душанбе, 25 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ҷаласаи Кумитаи одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон шикояти клуби футболи «Истиқлол»-и Душанберо баррасӣ карда, ба гунаҳкорони бозии даври сеюми мусобиқаи Лигаи олии кишвар байни дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол” ҳукми худро интишор кард. Сафаралӣ Каримов барои сахт маҷрӯҳ кардани рақибаш аз 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Бенҷамин Аманква барои ду корти зард аз ширкат дар як бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима, бозингарон Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов ва Маъруф Рустамов ҳам барои рафтори беадабона ва ғайриварзишӣ ба маблағи 500 сомонӣ ҳар нафар муҷозот шуданд. Дар сурати такрор кардани чунин гуноҳҳо ин бозингарон ба ҷазоҳои аз ин ҳам вазнинтар гирифтор хоҳанд шуд. Ғайр аз ин Кумитаи одоби ФФТ роҳбарияти дастаи “Энергетик”-и Душанберо барои таъмин накардани шароити бозӣ дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима кард








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






